Имруз Устод Кабири гам дорад

Мо хама аз Худоем ва ба суйи У бозмегардем.
Имруз падари бузургвори Устод Кабири, бобои Тилло Кабиров аз дорулфано ба дорулбако рихлат намуд. Аз даст доданди яке аз наздикон мусибатест, чонсуз ва чуброннопазир, вале чи кор кунем ки, ба чуз ризоият ва таслим ба такдири Илохи дигар хеч чорае надорем. Имруз хама муборизон гам доранд, гами Устод гами хар яки мост. Бояд зикр кард ки, мархум Бобои Тилло таи як соли ахир зери тахдиду фишорхои кормандони амнияти кишвар карор дошт ва борхо ба идорахои амнити бурда мешуд ва билохира ба фишорхои ин тудаи авбошон тоб наоварда чони худро ба чонофарин таслим намуд. Хушо ба холат эй Падар барои ба воя расонидани фарзандони гамхору мубориз ва михандустат.
Марги бо ифтихор бехтар аст, аз зиндагонии разилона. Хушо ба холат ки, хама гуна тахдиду фишорхоро тоб овардиву виждону имонатро нафурухти. Мо чавонони мубориз барои хар як катра ашки чашмони Шумо, аз золимони режими Рахмон интиком хохем гирифт. Мо он хама зулму тахкири режимро ки, болои миллат кардааст харгиз фаромуш намекунем.
Дар охир; даргузашти мархумро ба хонаводаи мухтарамаш ва ба муборизон ва аъзои ХНИТ, алалхусус ба Устоди мухтарам Мухиддин Кабири, арзи таслият карда барояшон аз даргохи Худованди якто сабри чамил, шикебои ва барои мархум, рахмату магфират ва бехтарин чойи чаннатро масъалат дорам!
Инна лиллахи ва инна илайхи рочиъун!

Комментарии

Популярные сообщения