Нурсутлон Назарбоев бемор шудаасту инҷо дар Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайрон

Тағйири кадрҳо
Ҳодисаҳои ахир тавре ба вуқуъ пайваста истодаанд, ки ангор гӯйи Кремлин аз ғуломони Осиёи Миёнагиаш безор шудааст. Кӣ медонад, эҳтимол чун муҳлати масрафашон тамом шудааст, мехоҳад онҳоро бо дигарон иваз кунад?
Путинро фаҳмидан мушкил
Путин чанд рӯз қабл ба Ӯзбакистон сафар карда буду онҷо бар хилофи қонуни асосии он кишвар Шавкат Мирзоевро иҷрокунандаи президент таъйин кард, дирӯз бошад амр кард, ки ба Маҳмадсаид Убайдуллоев Орден махсуси Кремлин дода шавад!
Бемору ҳайрон
Бо назардошти ин ҳодисаҳо онҷо дар Қазоқистон Нурсутлон Назарбоев бемор шудаасту инҷо дар Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайрон. Ҳар ду ҳам намедонанд аввал фариштаи марг дари онҳоро мекӯбад ё фиристодаи Путин аз Кремлин?
Ду сӯи Омӯ
Аз он тарафи Омӯ Толибон ба самти марзҳои Осиёи Марказӣ наздик мешаванду аз ин тарафи рӯдхона ҳукуматҳо эътимодашонро аз мардум аз даст медмиҳанд. Он ҷо ба мардум озодӣ ваъда мекунанду инҷо расман мардумро буғӣ ва онҳоро дар сафи ғуломон қаламдод мекунанд...
Аз ёргирӣ то гарданшиканӣ
Он ҷо Толибон аз қишри ҷавон ёргирӣ доранду дар ин тарафи Омӯ гардани аскарбачаҳои шоҳинболро мешикананд, то онҳо бо тамоми орзуҳо ва умедҳояшон замингир шаванду ҳукуматҳои худашонро душмани рақами яки худ бидонанд.

 Аз сахфаи фейсбукии Амруллохи Низом

Комментарии

Популярные сообщения