Муҳимтарин сабақ

Муҳимтарин сабақ аз сафари вазири хориҷаи Туркия ба Тоҷикистон.
Ба масҷид рафтани Мавлуд Човушоғлу ва иштирок кардани ӯ дар ҷаноза як "шапалоқе" дар руи Раҳмонов ва авбошонаш буд.
Тибқи маълумоти расида, чиновникҳои ҳукумат на танҳо намози ҷумъаро нахондаанд балки дар намози ҷанозаи ҳамсафашон ҳатто бе таҳоратҳам шарик нашудаанд.
Вазири Турк, тафовути мансабдорону ҳукуматдоронро дар миёни ду кишвар ошкор кард.
Бо ин амалаш онҳоро гуфт, ки шумо намоняндагони ин кишвар нестед. Кишваре, ки 98% аҳолии он мусалмон мебошанд.
Даъвои ҳукумати мардуми доштан яъне яке аз онҳо будан аст, ҷузъи мардум худро эҳсос кардан, дар паҳлуи онҳо худро қарор додан, хоксор будан, инсон будан, мусалмон будан аст...
Фосилаи ҳақиқии ин тудаи пиркамунистҳоро аз мардум нишон дод, ки хеле аз якдигар дур мебошанд.
Ин мард тасдиқ кард, ки ин ҳукуматдорон ба мардуми Тоҷикистон ягон рабте надоранд.

Комментарии

Популярные сообщения