Арзи маъзарат!!!

Банда чанд рӯз қабл аз иҷрои як тарҳи қарибулвуқӯъ дар бораи раҳбарони сокити мухолифон, бавежа исломгароёни наҳзатӣ дар ҳамин девораи фейсбукиам хабар дода будам, аммо аз субҳ то ҳол ҳамроҳи дӯстон "зарбчӯб"—ҳои намакини "НИГОҲ"—ро дар ҳаққи ҳукумат ва дар тани мухолифон чанд маротиба мутолеа кардему дар ниҳоят бо коштани ин чанд порча аз он матлаби намакин бо арзи адабу маъзарат эълон мекунам, ки мо аз иҷроӣ шудани он тарҳ сарфи назар кардем.
Иқтибос аз "Тақдири ҳизби авлодӣ— Сармақолаи "Нигоҳ"
"Ҷавоншавии иҷборӣ
Албатта, бо ҳабси чанд узви аршади ин ҳизб, ҳукумат зарбаи ҷонкоҳ ва ҷуброннопазире ба ҲНИТ ворид кард, вале хидмате ҳам барои он анҷом дод, ки аз зарбаи задааш бамаротиб бузургтар аст. Ҳар касе диққат кардааст медонад, ки синни миёнаи аъзои раёсати ҲНИТ сол аз сол болотар мерафт, ва шумори аъзои раёсат ҳам дар ҳар интихоботи дохилиҳизбӣ меафзуд.
Аз як тараф ба хотири наранҷонидани аъзои куҳансолу хидматкардаи он, аз тарафи дигар барои воридкунии ҷавонон, яъне рӯҳу хуни тоза, ҲНИТ маҷбур буд ҳар дафъа шумори аъзои Раёсати олияшро афзоиш диҳад. Вале ҳарчанд хуни тоза ворид мешуд, бинобар ночиз буданаш, таъсири камтаре дошт. Сабаби сол то сол муҳофизакортар шудани Раёсати оливу афзудани шумори мухолифони сиёсати сабр байни аъзои қаторӣ ҳам ҳамин буд. Ин раванд дар сурати идома пайдо карданаш, метавонист боиси ба ду қисм тақсим шудани ҲНИТ ё ҳадди ақал як инқилоби дохилиҳизбӣ гардад.
Пешгирӣ аз порашавӣ
Баъдан ҲНИТ ба он ҳаде, ки ҳукумат гумон мекард, қавӣ набуд. Ҳарчанд ба ҳаде, ки мунтақидонаш мӯътақид буданд, заъиф ҳам набуд. Ҳамеша дар мавқеъи дифоъ қарор доштан, интихоботҳо, мубориза барои ҳифзи арзишҳои исломӣ ва ғайра ба ҲНИТ имкон намедод аз лиҳози кадрӣ қавитар шавад. Бештари қувваи ҳизб барои дифоъ аз худаш масраф мешуд. Ҳатто барномарезиҳо ва инсиҷоми дохилии ҳизбӣ, ҳарчанд аз дигар ҳизбҳо дар кишвар хеле қавитар буд, дар муқоиса бо ҳизбҳои муваффақи исломии кишварҳои дигар хеле заъиф ва қобили шикаст буд. Ихтилофи дохилӣ ҳам вуҷуд дошт, ки идораи дурусти он аз тарафи ҳукумат метавонист зарбаи шадиде ба баданаи ҳизб шавад.
Аммо ҳукумат бо бастани ҲНИТ на танҳо пеши роҳи ҷудошавӣ ё инқилоби дохилиҳизбиро гирифт, балки сабаб шуд хуни ин ҳизб пурра нав шавад. Чун ин ҳизб маҷбур ба ҳиҷрат шуд ва мӯйсафедони собиқадор ё аслан ҳиҷрат накарданд ва ё агар ҳиҷрат ҳам карданд, тавони кор кардан дар хориҷро надоранд.
Дар ин ҳол ҲНИТ хоҳ нохоҳ маҷбур мешавад идораашро пурра ба дасти ҷавонон биспорад ва ба назар мерасад супоридааст ҳам. Албатта таҷрибаи кӯҳансолону собиқадорон ганҷи бебаҳоест, ки ёфтанаш бо ҳеҷ пуле муяссар намешавад, вале дар ҳоли имрӯзи ҲНИТ он таҷриба тақрибан ба кор намеояд.
Чун таҷрибаи онҳо дар дохил ва муборизаҳои дохилидавлатӣ касб шудааст ва вақте ҳизб маҷбур шудааст, ки сиёсати хориҷӣ ва зарурати якбора боқӣ мондан дар чанд кишвар, ҳатто қитъаро бо сиёсати гуногун ва бештар мухолиф дошта бошад, таҷрибаи собиқадорон мисли таҷрибаи ронандаи мошини сабукрав аст, ки барои идораи ҳавопаймо истифода шавад.
Дар ин шароит, барои пешбурди кори ҳизб ва шиносонидану қабулонидани он ба кишварҳое, ки онҷо аъзояш мустақар шудаанд, Наҳзат ниёз ба ҷавонони дарсхонда, дипломат, забондон ва пурэнерҷӣ дорад. Ва аз ин ҷавонон бо фаъолият дар хориҷ, дар айни ҳол чанд кишвари дунё, гурӯҳи сиёсатмадороне пайдо хоҳад шуд, ки ҳукуматҳо барои тайёр карданашон миллионҳо доллар масраф мекунанд." Матни пурраи ин матлабро дӯстон метавонанд бо як нохун задан ба линки зайл дар сомонаи "Tojnews.org" мутолеа кунанд.
Аз сахфаи фейсбукии Амруллохи Низом
  http://tojnews.org/tj/news/takdiri-khizbi-avlodi-sarmakolai-nigokh

Комментарии

Популярные сообщения