Пайгарди Муҳиддин Кабирӣ тавассути Интерпол

Раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ расман таҳти пайгарди пулиси байналмилал ё Интерпол қарор гирифтааст.
Дирӯз чанд корбари шабаки фейсбук акси парвандаи Кабирӣ дар сомонаи Интерполро дар саҳифаҳои худ нашр карданд. Субҳи имрӯз сомонаи родиёи Конгресси ИМА ҳам дар ин бора хабари муфассал нашр намуд.
Ҳумайро Бахтиёр, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик тарзи бархӯрд ва оҳанги хабардиҳии ин сомонаро бо шидда танқид намуда, ин сомонаро “расонаи байналмиллалӣ бо меъёр, сонсур ва идеологияи ҳукуматӣ” номид.
“Озодӣ ҳам расман мавкеъгириашро равшан кард. Албатта, қаблан ҳам равшан буд. Ин қадар сару садо аз шиканҷаву озори маҳбусони сиесӣ буд. Озодӣ, то назари мақомотро рӯйи даст нагирифт, як хабар хам нашр накард. «Таҳлил»-и олиаш хам бидуни риояи тавозун ва меъёри байналмиллалӣ буд. Назари ҷониби дуввум дар он вучуд надошт. Ҳамакнун, Озодӣ хабари мазкурро як тарафа ва аз ҳама ҷолиб, қабл аз дигарон мунташир кард. Дуруст аст, ки дар Тоҷикистон ин ҳизб мамнӯъ аст. Аммо, ба гайр аз Тоҷикистон ҳиҷ кишваре расман аз ин хабар пуштибонӣ накардааст. Яъне, Озодӣ ҳамчун расонаи байналмиллалӣ мебоист назари ҳизб ва ё роҳбари онро бипурсад. Расонаи байналмиллалӣ бо меъёр, сонсур ва идеологияи ҳукуматӣ” — навиштааст Хумайро.

Комментарии

Популярные сообщения