ПАЁМ БА ҶАВОНОН!!

Заъифтарин миллат ва давлат онаст, ки дигар ҷавононаш ба калонсолон бовар надоранд. Талоши онҳо барои ҳарчи зудтар тарк кардани кишварашон аст. Тамоми боварҳо ва умед ба оянда дар замири онҳо мемирад. Аммо онҳое, ки дар руҳияи озодиву озодихоҳӣ тарбият ёфтаанд, тамоми талошашон барои тағйири вазъият аст. Бешак чунин ҷавонҳои огоҳу бедор дар тӯли таърих барои дигаргун шудани вазъият ва рӯшду пешрафти ҷомаеҳои худ, нақши ҳалкунанда доранд. Агар чанде мавқеъи онҳо имрӯз нодида гирифта мешавад, вале набояд фаромӯш кард, ки онҳо ҳам қаҳрамони замони худ ва ҳам қаҳрамон ва улгӯ барои наслҳои баъди мебошанд. Агар дар ҷомеаи мо имрӯз ҷавононе бошанд, ки талошашон барои озодӣ, номус, имон, адолат ва пешрафту рӯшди кишвар аст, пас паёми ман ба онҳо инаст, ки интихоби роҳашон дурӯст ва ба мавқеъ аст!
Муҳиддин КАБИРӢ

Комментарии

Популярные сообщения