Баёнияи фаъолони ҲНИТ дар Олмон
Мо, аьзоёни Ҳизби нахзати исломии муқими Олмон, тамоми амалҳои саркубгароёнаи ҳукумати Раҳмон алайҳи хешу табори фаъолони сиёсӣ, аз ҷумла шаҳодати модар Зуҳро Неъматоваи 67-сола бар асари фишорҳои ҳукумат ва “эътироз”-ҳои маҷбурии донишҷуён дар назди манзилҳои фаъолони сиёсиро ба шиддат маҳкум мекунем.
Конфронси байналмилалии Варшава нишон дод, ки ҳақ ҳамеша бар ботил ғолиб аст ва золимон аз суҳбатҳо ва муколамаҳои мусолиматомезу созанда метарсанд. Ба ҳамин сабаб аст, ки ҳайати ҳукумати ҶТ дар баробари делелу ҳуҷҷатҳои на танҳо мухолифони тоҷик, балки эътирозҳо ва суолоти сахти созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои демократӣ тоб наоварда, ин конфронсро тарк карданд.
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки мо - аъзову ҷонибдорони ҲНИТ ва тоҷикони муқими Олмон, ки аз шаҳодати модари 67-сола ба сабаби таъқибу фишорҳои ноҷавонмардонаи мақомот, сахт нороҳат ҳастем - дирӯз якҷоя намози ҷанозаи ғоиб барои ин модари шаҳид хондем ва дуо кардем, ки модарро ғариқи раҳмат кунаду золимонро ба ҷазои аъмолашон бирасонад.
Мо, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Олмон, таъкид мекунем, ки дар сурати қатъ нагардидани фишору қонунвайронкуниҳои мақомот ва нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, даст ба тазоҳуроти эътирозӣ дар назди биноҳои СММ, САҲА ва сафоратхонаи ҶТ мезанем.
Фаъолони ҲНИТ дар Олмон
25.09.2016
Аз саҳфаи фейсбукии Маҳмади Тешаев

Комментарии
Отправить комментарий