Зарафо Раҳмонӣ озод шуд


Узви Раёсати олии ҲНИТ хонум Зарафо Раҳмонӣ, ки баъди “кудато”-и нофарҷоми Ҳоҷи Ҳалим бо иттиҳоми ширкат дар он боздошт шуда буд, имрӯз озод шуда ба хонааш баргаштааст.
Ӯ ҳамроҳ бо 12 узви дигари Раёсати олии ҲНИТ боздошт шуда буд. Сабаби раҳоии ӯро дар нишондоди ӯ алайҳи аъзои дигари Раёсати олии ҲНИТ, ки дар натиҷаи шиканҷа аз ӯ гирифта шудааст ва фишори созмонҳои байналмиллалӣ ба ҳукумати Тоҷикистон медонанд.
Зарафо Раҳмонӣ байни аъзои боздоштшудаи Раёсати олии ҲНИТ танҳо зан буд ва яксоли умри худро дар боздоштгоҳ сипарӣ кард.

Комментарии

Популярные сообщения