Расо як сол шуд аз ин сенария ва то хол идома дорад (((
Облаваи ХНИТ дар вилояти Сугд! Ин чи дахшат аст, вакте макомоти амнияти даст ба облаваи аъзоёни ХНИТ мезананд? Инсоф кучост? Чанд сол аст, ки комиссириатхои харби дар Точикистон бо облаваи даъватшавандагон ба хизмати харби "маъруф" шудаанд. Кор то чое расид, ки аз облаваи точикон созмонхои хукуки башар аз минбари СММ интикод гирифтанд. Акнун навбат ба облаваи ХНИТ расид. Худи хозир яке аз узви ХНИТ дар вилояти Сугд ба ман мурочиат карда гуфт, ки дар наздаш кормандони амният уро мачбур доранд, ки ба мошини онхо савор шавад. Сабаб дар он аст, ки бояд як матни тайёр кардаи макомотро кироат кунаду онхо ба навор гирифта, тавассути ТВ ба намоиш гузоранд. Дар матн омадааст, ки уро бо рохи фиреб ба ХНИТ аъзо карданду у аз ин амалаш пушаймон аст. Чанобон, бо ин амалу рафтори худ Шумо на ин ки мардум, балки хари мардумро хандонда истодаед. Имрузхо аз ин амали сунъии шумо мардум дар бозор, дохили наклиёти чамъияти мисли анекдод накл мекунанду ба холи шумо механданд, аммо шумо фикр мекунед, ки мардум бовар карданд? Бо ин амалатон шумо кулли миллати точик, давлату хукуматро шарманда карда истодаед. Наход ин ракобат бошад? Агар хисоб кунед, ки ин ракобати сиёси аст, пас шумо ба сулху субот ва амнияти мардум халал расонида истодаед. Оё дар магзи сари шумо акл аст ё чизи дигар? Хеч нафахмидам. шояд хато кардам?
Файзинисо Воҳидова



Комментарии
Отправить комментарий