ПИСАРИ ГЕНЕРАЛ "БЕСПРЕДЕЛИ" МЕКУНАД!

На ҳурмату эҳтироми калонсолонро ба ҷо меораду на бӯе аз фарҳангу маориф дорад.
БАЧАИ ГЕНЕРАЛ САИДОВ, КОРМАНДИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ БЕАСОС БА ШАҲРВАНДОН ТАҲДИД МЕКУНАД ВА "КОРОЧКА - удостоверенияааш" ҳуҷҷати муқоваи сурхдорашро инсуву он сӯ нишон дода, мардумро тарсондан мехоҳад.
Аҷаб давру замоне!
Ин бача дар куҷо таҳсил карда бошад,аааааааа!?
Мегӯи гӯё аз филӣми "Крепкий орешек" баромада бошад!
Тавбаеее!
Ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмон шудам.
Ҳамин ҳоло ҳозир ҷавоне ба қабулгоҳи Раиси Кумита даромада бо рафтори ношоями хеш диққатамро ҷалб кард. Комрон Саидов гуфта худро муаррифи кардаасту муддати чанд рӯз боз дар якҷоягӣ бо духтарну занони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ ба "рейд" мебаромадаанд. Мақсад аз гузаронидани "РЕЙД" ҳояшон, ин доштану ба ҷавобгарӣ кашидани савдогароне, ки сатру сарбандии таҳбанди онро мефурӯшанд.
Комронро дар ҳамин даргоҳи бонуфӯз ба ҳайси корманди Кумитаи амнияти миллӣ аз ноҳияи Шоҳмансур мешиносанд. Котибаи Раиса ва чанд нафар кормандони дигари Кумитаи занон аз ӯ ба дод омада, роҳи гурез меҷӯстанд ва ҳар кадом бо баҳонае худро халос кардан мехост. Яъне ҳеҷ кас бо ӯ ба !рейд" рафтан намехост! Вақте пурсидам, ки ин чӣ гуна рейд аст, гуфтандам, ки: якеи мо пешопеш рафта фурӯшандаро бояд фирефта созем ва ӯро водор бинамоем, ки аз байни борҳои пинҳонкардааш сарбандии сатр ё сатргунаҳоро барорад. Ҳамин вақт Комрон аз пас омада ӯро дар фурӯхтани сатргунаҳо мутаҳҳам мекунад ва ҳоказо! (((((((((((((((((((
Хуллас, рафтори ношоиставу дағалонаи ҷавон занҳоро дилгир кардаву инак касе намехост бо ӯ ҳамроҳи бикунад. Комрон бошад суст намеомад ва ҳаққи худро аз даҳони шер канда гирифтан мехост.
Ҳамин тариқ, ба ҳозирин дод зада фармон медоду, нафасгирӣ намегузошт.
Яке аз духтарон эътироз овард, вале ҷавон ба ӯ дӯғу пӯписа зада гуфт:
- Ту медони катии кӣ гап задестай!? Ма коркуни амниятм, фаҳмидӣ! Даркор шава ҳама кора мепартойю, қати ма мерай...!
Ҷавони дигаре ин рафтори корманди амниятро дида аз духтарон пуштибонӣ кард.
Баъдтар фаҳмидам, ки ӯ ронандаи Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ будааст. Офарин ба ӯ нотарсида бо ҳамин бачаи беақл 1 ба 1 хест. Ҳол он ки он ҷавони аз амният буда одами ҳушёрро намемонд, чашмонаш бозӣ мекарданду дастак зада дод гуфтанаш ғайри қобили қабул буд. Ронанда бо камоли эҳтиром аз амниятӣ хоҳиш кард, ки пасттар ҳарф занад, зеро садо аз қабулгоҳ ба утоқи кории Раиса шунида мешуд. Ӯхеле боэҳтирому хушмуомила ва дар доираи рафтору гуфтори Инсонӣ хоҳиш кард.
Корманди амният бошад, баракс ба ғазаб омада ӯро ба сӯҳбати як ба як даъват намуд.
Ман ҳама корро тамошо мекардаму ҳайрони кор дар интихоби кадрии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии
Тоҷикистон будам.
Бигузор такрори сӯхан бошад, лекин бояд бори дигар дарҷ бинамоям, ки аз авзову рафтор ва гуфтори ҳамин ҷавон, ки ҳар лаҳза ҳуҷҷаташ "удостоверенияаашро" бароварда ба рӯи одамон тиқонда вағғас дошт, нафратам омад. Хато накардаам, бале, маҳз тиқонда, ҳатто имконияти хондани ному насабашро намегузошт ва аз даҳонаш хаф паридагӣ барин фоффофкунон ҳайтас мезад.
Тоқатам тоқ шуду аз ҷой хеста, худро муаррифӣ намудам.
Ӯ ба ман ким чӣ хел аз боло ба поён нигариста гуфт:
- Хай чӣ! Баъд чӣ!? Ма коркуни амниятум, ту хдта ба ма сарбасар накн!
Гумон макунед, ки ман инҷо ба хатои техникӣ роҳ додаам, не, айнан ҳарфзании ҷавонро овардаам.
Вақте ӯ ғалғала бардошта, яке аз кормандони Кумитаро ба берун кашида бурдани шуд, камина аз қафояшон баромада, насиҳат кардам.
Насиҳат он тараф истад, ки чизеро намедиду намешунид.
Ту медони ма киюм!?
Ма бачаи генерал Саидов ҳастм! Пота ба пои ма дароз накун...! Агане чанд ҷои пота мешканан! Фаҳмидестааааааааааай, ту...!
Ҳамин ҷумларо ба охир норасонида, худаш қариб буд дар поймонакҳои ошиёнаи дуввуми бинои Кумита пешпо хӯрда меафтид.
Одамони зиёд ин ҳолро тамошо доштанд ва чунин ба назар мерасид, ки ҷавон худро идора карда наметавонад.
Баъди маслиҳат ва насиҳат карданҳо, чун дидам, ки ақл намерасад, худро маломат кардам.
Дега ба кафлез заданат маънӣ надорад, Гули Зард, гӯён гашта ба қабулгоҳи Раиса даромадам.
"Ба ҷои салла овардани каллаи мардумон" замоне расм мегардад, гуфтани момои Дурбӣ, ки 103 сол умр дида буд, ёдам омад. Бале, замони собиқ Шӯъравӣ мардум гоҳо аз кормандони КГБ менолиданд ва ҳамин Момои дунёдида, онҳоро ором карда мегуфт:
Ҳоло ин чӣ, давре мерасад, ки Илоҳо асло дар он айём назиям...


(Давом дорад!)
Аз саҳфаи одноклассникии Гули Зард (Зардова Гули Давлаталиевна)

Комментарии

Популярные сообщения