Аз лутфи Худо то лутфи зани подшоҳ

Ду марди нобиное дар сари роҳи зани яке аз подшоҳон нишаста,  хостанд саховатмандии ӯро  бисанҷанд. Яке аз ин нобиноҳо ҳамеша дуо мекард, «Худоё, аз фазл—лутфи Худат ба ман бидеҳ» ва аммо он дигараш мегуфт: «Худоё, аз лутфи завҷаи подшоҳ ба ман бидеҳ».
Зани подшоҳ дар бораи онҳо медонист ва мешунид, ки онҳо чӣ мегӯянд. Сипас ба оне, ки мегуфт «аз Лутфи Худо» ду дирҳам— тангаи нуқрагӣ ва аммо ба оне, ки мегуфт, «аз лутфи завҷаи подшоҳ» як мурғи бирён ва дар дохили он даҳ динор—сиккаҳои тиллоӣ мефиристод.
Оне, ки мурғро мегирифт ҳар рӯз мурғашро бо ду дирҳам ба ҳамсоаяш мефурӯхт, аммо намедонест, ки дар дохили он мурғҳои бирён чӣ ниҳон аст.
Ҳамсари подшоҳ даҳ рӯз пайи ҳам чунин кореро анҷом дод. Баъд аз он вай наздашон омаду аз оне, ки мегуфт «аз лутфи завҷаи подшоҳ ба ман бидеҳ» пурсид, ки ҳоло ҳам сер нашудаӣ?
Ҷавоб дод, аз чӣ?
Гуфт: Сад динор дар даҳ рӯз (дар дохили даҳ мурғи бирён ҳар рӯз даҳ динорӣ барояш мефиристод).
Нобино гуфт: Ҳар рӯз мурғҳоро бар ивази ду дирҳам ба ин ҳамсояам мефурӯхтам!
Ҳамсари подшоҳ хандиду гуфт: Ту, ки аз лутфи ман—и зани подшоҳ талаб мекардӣ Худованд аз он маҳрумат кард, аммо он рафиқат, ки аз лутфи Худо талаб мекард, Худо ба вай дод ва ӯро бой ҳам кард.
Ҳар касе ба мардум эътимод кунад, хор мешавад.
Ҳар касе ба молаш эътимод кунад, кам мешавад.
Ҳар касе ба донишаш эътимод кунад, гумроҳ мегардад.
Ҳар касе ба худаш эътимод кунал, хаста машавад.
Ва аммо ҳар касе ба Худои Покаш эътимод кунад, на хор мешаваду не кам ва на хаста мегардаду ва не гумроҳ мешавад!
Амруллоҳи Низом

Комментарии

Популярные сообщения