Таъзия, Дилбардорӣ, Ғамзудоӣ!

Таъзия,
        Дилбардорӣ,
                      Ғамзудоӣ!

Бо ҳама эҳтиром ва самимияте, ки нисбат ба ҳамкасбони гиромиам дар Радиои "Озодӣ" дорам, аз ҷумла:
Abdullo Ashurov, ки дар фикри ъабдҳо—бандаҳои Худост,
Амриддин Олимов, ки бо амри дил корашро мекунад,
Mardoni Muhammad, ки умре хидмати мардонро мекунад,
Мирзонабӣ Холиқзод, ки дар хидмати халқ мебошад,
Муҳаммадвафо Раҳматов, ки касбаш вофодорист
Шодмон Ятим, ки ҳамеша шод зистани миллаташро мехоҳад, раҳоияшонро аз банди бахши тоҷикии радиои "Озодӣ"—и ноозод самимона табрик мекунам!
Хотиррасон карданиям, ки чун Шумо бузургворон рисолати хешро ба дурустӣ дар онҷо анҷом додаед, умедворам Худоятон макони беҳтареро бароятон хостааст, ба ин хотир бо сари баланд шуморо аз "Озодӣ" озод кард.

Ин байтро ҳам барои шумо азизон ин ҷо мекорам:

Ғами рӯзи махӯр бар ҳам мазан авроқи дафтарро,
Ки Эзид пур кунад пеш аз тифл пистони модарро!

Амруллохи Низом

Комментарии

Популярные сообщения