Ёде аз гузашта:

Ончӣ мехонед муқаддимаи платформаи пешазинтихоботии ҲНИТ аст.

Муқаддима
(ё таҳлили вазъи кишвар қабл аз интихобот)
Интихоботи парлумонии 2015 дар марҳалаи бисёр ҳассос ва муҳимми рушди кишвари азизамон- Тоҷикистон баргузор мегардад.  Дар 23 соли истиқлолият кишвари мо чанд марҳаларо паси сар кард, ки ҳар кадом хусусият ва таъсири худро дар ташакулёбии давлати миллии мо доштааст.
Марҳалаи аввал ва душвортарин ба солҳои 1992-2000 рост меомад, ки бо сабаби надоштани таҷрибаи сиёсӣ, тавтиъа ва дахолати бегонагон неруҳои асосии  кишвар натавонитсанд бо муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ мушкилоти дохилиро ҳал наморянд. Натиҷаи ин нофаҳмиҳо ҷанги бародаркуш ва бесуботиву нооромиҳо буд, ки то охири асри гузашта идома дошт.  Бо лутфи Худованд ва хиради азалии миллати тоҷик, инчунин иродаву садоқати фарзандони асили миллат, Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари ИНОТ Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, огоҳиву ватандустии нерӯҳои сиёсии кишвар, миллат аз он бунбаст берун рафт ва пеши роҳи паркандагии миллат ва пошхурии давлати миллӣ гирифт а шуд.
Марҳалаи дуввум, солҳои 2000 то 2010 мебошад, ки кишвари мо моломол аз руҳияи сулҳу ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ байни тамоми қишрҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динӣ буд, ки заминаи ҳуқуқӣ ва маънавии онро Созишномаи умумии Сулҳ ва ризоияти миллӣ гузошта буд. Тоҷикистон аксари дастовардҳои худро дар самтҳои мухталифи ҷомеъа маҳз дар ҳамин марҳала ноил гашт, зеро, фазои сулҳу оромӣ ба мардум илҳом ва умед мебахшид. Кишвари мо дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун намунаи нодир барои гузаштан аз як шароити буҳронӣ ба даврони истиқрор муаррифӣ гашт ва таваҷҷуҳи созмонҳои байналмиллалӣ, кишварҳо ва миллатҳои пешрафтаи ҷаҳонро ба худ ҷалб кард. Тамоми нишондодҳо дар масоили  иқтисодӣ, сиёсӣ, демократӣ ва озодиҳо баёнгари пешравиҳои чашмраси кишвари мо буданд. Муҳимтарин падидаи ин марҳала, эътимоди васеъ ва ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва қишрҳои гуногуни ҷомеъаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ буд, ки омили аслии рушд ва суботи кишвар дар ин марҳала мебошад.
Марҳалаи саввумро метавон аз соли 2010 то имруз замонбандӣ кард, ки бо вуҷуди дастёбӣ ба пешравиҳо, кишвар дар аксари самтҳои рушди худ гиритфори рукуд ё ҳатто ақибравӣ гашт. Агар қисме аз омилҳои таъсирррасон ба ин раванд сарчашмаи хориҷӣ ва берун аз иродаву хостаи сиёсатмадорон ва масъулини кившар бошад, қисми дигараш марбут ба сиёсатҳо ва барномаҳои нодуруст ва якҷониба буданд. Аз ҷумлаи омилҳои муассири хориҷӣ метавон буҳронҳои пайдарпаи иқтисодӣ ва молиявӣ, буҳронҳои амниятӣ ва низомии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, инчунин, сиёсатҳои носолими баъзе кишварҳо ва созмонҳоро нисабти кишвари мо номбар кард, ки дар пайдоиши чунин ҳолат таъсир доштаанд. Аммо, омилҳои дохилӣ дар расидан ба чунин ҳолати рукуд ва буҳронӣ таъсири бештар доштаанд ва дар муқоиса бо омилҳои хориҷӣ ба маротиб бештаранд. Аз ҷумла, муҳимтарин омили манфӣ дар ин марҳала, заъиф кардани  руҳияи сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва муколама дар ҷомеъа буд, ки таъсири худро ба тамоми самтҳои рушди миллӣ гузошт. Кишвар дар як муддати кӯтоҳ ба сархати руйхат ва рейтингҳои манфии ҷаҳонӣ дар масоили озодиҳо, фасоди молӣ ва идорӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ  ворид гашт.
Интихоботи парлумонии 2010 нишон дод, ки тавозуни таъсир ва маҳбубияти ҳизбҳо ва неруҳои сиёсӣ  байни мардум аз тасавури мақомти давлатӣ фарқ мекунад. Бо талоши зиёд ва тақаллуби гушношунид рақамҳои воқеъии интихоботи соли 2010 ба нафъи ҳизби ҳоким тағйир дода шуд, вале ҳақиқат ва воқеъият назди мардум, нозирон ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ ошкор гашт ва то имрӯз пуртақаллубтарин интихобот дар таърихи миллат боқӣ мондааст. Мақомоти давлатӣ ба ҷойи қабули воқеъхиятҳо ва муносибати оқилонаву одилона бо воқеъиятҳои ҷадид, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳми бо хизбу ҳаракатҳо ва неруҳои муассир дар ҷомеъа, аз он вақт то имрӯз  роҳи заъиф  сохтан ва  ба ҳошия рондани онҳоро пеш гирифтаанд. Дар сурате, ки мардуми кившар гирифтори даҳҳо мушкилии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошанд, аз ҷумла, надоштани барқ ва гармӣ, пасттарин маош, нафақа ва стипендия дар сатҳи минтакаву  ҷаҳон, муҳоҷирати  ҷавонон ба хориҷ ва пошхурдани низоми оила дар ҷомеъа, ришваситонии густурда дар идораҳо ва ғ., мебоист мақомот барои паст кардани сатҳи норизоятии мардум дар масоили сиёсӣ, динӣ ва интихобот сабукиҳо ва озодиҳоеро роҳандозӣ мекарданд. Вале, камбуди нигоҳи миллӣ ва давлатмардона дар сиёсатҳо, нописандӣ нисбати мардум ва нерӯҳои сиёсӣ, яккатозӣ ва кибру ғурур ба он оварда расонид, ки болои мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ даҳҳо маҳдудиятҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва динӣ ҷорӣ карда шуд. Фишору таъқиб, туҳмату таҳқир, кашида гирифтани моликият ва дороии мардум, аз ҷумла дигарандешони сиёсӣ ба авҷи аълои худ расид. Кор ба ҳадде расид, ки тамоми мақомоти давлатӣ, идораҳо, донишгоҳҳо ва мактабҳо, расонаҳои хабарӣ ва ҳатто, ниҳодҳои илмӣ низ ба маъракаи фишороварӣ, таҳқир ва заъиф кардани неруҳои мухолиф сафарбар карда шуданд, ки ҳатто дар завмони Шуравӣ низ чунин ҳолат мушоҳида намешуд.
Инак, дар чунин шароити печида ва душвор, интихоботи навбатии парлумон баргузор мегардад, ки ба тақдири ояндаи миллат ва кишвар таъсири зиёд дорад. Миллати тоҷик ва тамоми тоҷикистониён бояд дар интихобот ҳарфи охири худро бигуянд, ки оё розӣ ҳастанд, ки ин ҳолати сангини иқтисодӣ, сиёсӣ ва динӣ идома пайдо кунад ё мехоҳанд ба ин саҳифаи талх хотима гузошта шавад ва марҳилаи нави рушди миллат оғоз бигардад.  Марҳилае, ки дар он пеш аз ҳама инсон эҳсос кунад, ки дорои каромату шарофат  аст ва давлат ҳимояи ҳуқуқҳо, озодиҳо, обрӯ ва ҳайсияти инсонро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад. Марҳалае, ки шаҳрванд бо як боварӣ вориди идораи давлатӣ бигардад ва мутмаин бошад ки кассе аз ӯ ришва намеситонад ва корманди давлатӣ танҳо дар ивази маошаш вазифадор аст, ки дархост ва хоҳиши шаҳрвандро саривақт анҷом диҳад. Марҳилае, ки ҳукумат  вазифадор аст ба шаҳрвандаш ниёзҳои аввалияи зиндагии шарафмандонаро, мисли барқу гармӣ, маош ва нафақаи кофӣ, ҷойи кор ва таҳсили дастрас, амният ва суботи шахсиву ҷамъиятиро бе баҳонаҷӯӣ ва кашолкорӣ таъмин намояд.
ҲНИТ, ки тайи ин марҳалаҳо худро ҳамчун як неруи сиёсии ватанпараст, миллатдӯст ва масъулиятшинос муаррифӣ кардааст, барои расидан ба чунин марҳала, дидгоҳҳо ва  барномаҳои худро дар самтҳои гуногуни рушди кившар ба мардуми шарифи Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Комментарии

Популярные сообщения