Рӯзи Ғам

Нақл мекунад, имрӯз президент Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ(СААД) дар Санкт—Питерзбург хеле асабӣ ва дар айни замон бисёр нороҳат ҳам буд.

Ба қавли онҳо, ҳатто тапишҳои дили Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар ин рӯз аз ҳар вақти дигар фарқ мекард. Дар зоҳир барои русҳои ҳалок шуда, ҳамонҳое, ки баъд аз қатли ҳазорон кӯдаки маъсум ва занону барҷомондагони бегуноҳ мехостанд рафта дар Сурия консерт бидҳанд, хун мегирист.

Аммо ровиҳо нақл мекунанд, ки ин хунгиристанҳои Пешвои ҳукуматдорони имрӯзи Тоҷикистон ба хотири вазъи бади ҳолати рӯҳии худаш буд, на чизе дигар. Зеро вақте ба Русия омад, он ҷо дид, ки чанд ҷавоне ба истиқболаш омадаанд ва барояш дар сатҳи ҷаҳонӣ паёме доранд, аз ҷояш як таконе хурда, асабҳои бе ин ҳам дар сафар хастааш, вайронтар шуданд.

Дар ҳамин ҳол яке аз мушовиронаш бо дарки масъулият ин ҳолати рӯҳии ӯро хуб шинохта, гуфтааст: Муҳтарам президент, ин акаи Путина фаҳмидан мушкил аст, чун вай ҳам худашро демократ мегӯяду аз ҳодисаҳои Чехия хуб огоҳӣ дорад. Ҳар коре ҳам агар кунад, ба хотири имиҷи худаш мекунад, не барои касе дигар...мо худамон вазъиятро дида, ягон балошон мекунем, ҷаласа дар пеш аст, шумо нороҳат нашавед!

Ба гуфти онҳо, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон вақте ҳам номи кишвари Чехияро шунидааст, дарҳол сафари охиринаш ба он кишвари Аврупои Шарқӣ ба ёдаш расидааст. Ҳамон сафаре, ки ба қавли ҳолдонҳо бо зориву таваллои чанд дипломату миёнаравҳо анҷом шуда буд, вале он ба ҷои хурсандӣ ғаму андӯҳро барояш ба армуғон овард. Зеро он ҷо низ ҳамгуруҳҳои ҳамин пешвозгирони питерӣ ба истиқболашон омада буданду на танҳо табъашро хира, балки барояш нахустир "сюрприз"-и хориҷиро тақдим карда буданд, боз ба ёдаш расидааст.

 Замоне, ки нишасти СААД ба кори худаш оғоз карда, ҳамтоёнаш суханронӣ мекарданд, фикри вай ба берун ва ҳамон ҳайъати пазироӣ аз "Гуруҳи 24" банд будааст. Вай аз худаш чанд маротиба ин суолҳоро ҳам кардааст, ки чаро ин бачаҳои гандаву сарзадаи (дар асл, ҷасуру сарсупурда) аз "Гуруҳи 24" ба "Пешво"—гии вай бовар намекунанд? Охир, чаро онҳо ба худашон раҳм намекунанд? Оооо чаро вайо вая вай намекунанд? Чаро...?!!!

Аз сӯи дигар, чун каме ба худаш меомад, бо чашмони хунолӯди хира хира—хира ба атрофиёнаш менигаристу ҳамоно дилаш боз ба ҳамон бачаҳои ҳайъати ташрифотӣ аз "Гуруҳи 24" банд буд. Дилаш пур шуда буд, эҳтимол чанд маротиба сафиру муовинон, консул, бале ҳамон Ашрафи домодашро чанд бор ба ёд оварду бо худ мегуфт, сафир ку бегона, вале ин Ашрафи домода барои ҳамин хел рӯзҳо ин ҷо консул мондем, чаро намефаҳмад?

Чун аз домодаш Ашраф ёд мекард, беист он домоди дигараш—Маҳмадзоҳир Соибов, дақиқан ҳамоне, ки дар қатли Умаралӣ Қувватов, раҳбари "Гуруҳи 24" айбдор дониста мешавад, ба хотираш мерасиду ҳар чӣ метонист, аз таги дил ӯро дашному ҳақорат мекард. Зеро хуб медонист, ки агар ҳамон домодаш даҳ панҷаашро ба даҳонаш тела намекарду Умаралӣ Қувватовро аз тиҷоратҳояш маҳрум намекард, ин гуруҳ пайдо намешуд...

Комментарии

Популярные сообщения