Ҳамоқати Сироҷидин Аслов дар Ҳамбург

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар байни ҳамтоёни худаш аз кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар Ҳамбурги Олмон пешниҳод кардааст, ки "иштироки ҷинояткорон дар ҷаласаҳои САҲА маҳкум шавад."

Ҷаноби Сироҷидин Аслов ин пешниҳодашро дар ҳоле дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ матраҳ мекунад, ки худи ӯ намояндаи як ҳукумати худкома ва ҷинояткор аст. Ҳукуматест, ки ба ном демократӣ ва ҳуқуқбунёд, аммо дар воқеъ он як ҳукумати тотолитарӣ, авторитарӣ ва авлодиест, ки мардумашро бо усулҳои муосири ғуломдорӣ идора мекунад.

Сироҷидин Аслов намояндаи ҳамон ҳукумати ҷинояткорест, ки дар субҳидами моҳи мубораки рамазон чанд сол муқаддам ба мардуми шарифи Хорӯғ дар маркази вилояти худмухтори кӯҳистони Бадахшон ҳамла кард, қисмеро ҳам кушту қисми дигареро захмӣ ва шаҳрро ба хоку хун оғушта кард. Ҳукумате, ки рақибони сиёсиашро бо роҳҳои кирдорҳои характери пурра ҷиноятӣ дошта, таҳдиду таъқиб, боздошт ва сипас ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мекунад.

Сироҷидин Аслов аз ҳамон гуруҳе намояндагӣ мекунад, ки ҳукуматро авлодӣ кардаанд, порчае аз сарзамини камзамини Тоҷикистонро ба Чин фурӯхтаанд, зиёда аз ду миллион нерӯи кории кишварро иҷборан муҳоҷир кардаанд, фарзандҳои эшонро зиндаятим, занону модарошонро дар хони ғаму ғурбат шинондаанд. Камари рӯшанфикрону соҳибкорони муваффақро 24 сол инҷониб яке паси дигар ба навбат мешиканад. Молу дороии онҳоро ғорат ва зану фарзандону пайвандони онҳоро бехонумон мекунанд.

Сироҷидин Аслов ҳомии ҳамон тӯдаи ҷинояткорест, ки муқобили дину оини мардум ҷанг эълон кардаанд, ҳар бовиҷдону покдамане, ки мехоҳад озодона ва бар асоси фармудаҳои Худояш амал кунад, либос бипӯшад, намоз бихонад, риш бигузорад, гар садо баланд кунад, болояш ҳамла мекунанд, ӯро мезананд, мекӯшанд ва ҳатто таҷовуз ҳам мекунанд.

Сироҷид Аслов аз ҷумлаи командаи ҳамон ҳукуматест, ки худашон дар сатҳи ҷумҳурӣ ва миниақавӣ ҳар аҳмақиву аблаҳӣ, мардумозориву миллатситезӣ, ғоратгариву бедодгарӣ, қонуншиканиву инсонкӯшӣ кунанд, онро бо ҷомаи найранг либоси қонуну тартибот мепӯшонанд, аммо ҳар касе мухолифи ин ҳама зулуму таъаддии онҳо садо баланд кунад, онро ҷинояткору қонуншикан мехонанд...

Бо ин вуҷуд, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки ҳамоно бо гузашти 75 рӯз аз фирори намояндаҳои Ҳукумати Тоҷикистон аз нишастҳои ҷасалаи солонаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Варшава ҳине мавзӯъи иштироки мухолифинро ба миён мегузошт, нишон дод, ки ҳанӯз ҳам маконҳои гарму нарми сӯзиши он куфтҳои воқеӣ дар баданаи ҳукумати худкомаи кишвар дармон наёфтаанд. Бар илова, тамоми чораҳои "ҳирфаӣ"—е, ки  мақомоти қудратии Тоҷикистон алайҳи мухолифон то имрӯз андешидаанд, маҳкум ба шикастанд.
Аз саҳфаи Фейсбукии Амруллоҳи Низом

Комментарии

Популярные сообщения