Номаи таҳдидомез аз КДАМ ба ман
Дирӯз як шахс ба ман чунин навиштааст: Эй мавлави ҳозирам саи вақт аст аз ин роҳат гард. Мо медонем дар куҷои бад вазминт меғалта. Сарнавишти Умарали Қуватов интизори ҳар як шумо хоинон аст. Мо дар дохили шумо одам дорем фикр накуне и давлат бе дарвоза аст ва ҳарчизе хоҳе гуен.Мисли одам гуфтестемтон. Агар нафаҳмен сахт вазминтон меғалта. Биё дар ватан кор кун бар зиди шиъаҳо салафиҳо ,ма гарантят метим дар вазифа ва хидмат ба ватану миллат.Ҳар вазифаи диниеки хоста боши ма хдм таъмин мекунам.Имоми масҷид,муддариси мадраса,кумитаи дин,бахшҳои кумита дар вилояту шаҳрҳо.Фақад аз ин роҳи нодурустат гард. Мо мардем чизе гуфтем то ҳозира кадем.Мо бачакои хмона иҷвақт подвадит накадем ва намекунем. И гап байни хмон бо ягонҷода чопш накуни. П.Ш
Ҷавоби ман ба ин шахс: Ман ин роҳе ихтиёр кардам он роҳи пуршараф ва муқаддас аст. Мубориза бар зидди як золиме чун Раҳмонови золим мустабид ва мухолифи дину имону мазҳабам.Раҳмоновеки то ҳол бузургтарин зулмро бар зидди ин миллат анҷом дод. Бузургтарин фарзандони фарзони ин миллатро кушт,зиндон кард,бадарға кард,туҳмат кард,бе обурӯ кард.Олимашро қадр накард,тоҷирашро молашро гирифт,занашро бе иффат кард,мардашро ғуломи русу аҷнаби кард. Ватанро валангор кард ҳама кишварро ба яғмо бурду ба ойлаи махуфаш супурд. Ман бо кадом виҷдон ба ватан баргардам ва дар хидмати ин ойлаи номард ва бедин бошам.?Ман якбор таваллуд шудаам ва якбор зиндагони мекунам ва якборҳам мемирам. Мехоҳам онҳама як борҳоеки дубора барнамегарданд бо саъодат зиндагони кунам ва бо саъодат бимирам.Маро модарам озод таваллуд кард ва озод зиндагони мекунам ва ҳаргиз ғулом буданро намепазирам. То ҳол шумо ба кадом аҳду паймонатон содиқ будаед? Магар то ҳол дар ягон аҳдатон вафо кардаед? Имони комил дорам ин слолаи махуф ҳатман сарнагун мегардад. Идораи кишвар ба дасти соҳибу хидматгоронаш мерасад. Зеро феълан ин ҳукмат идора ва ҳукмрони як туда зану кудаку пира марду пира занон аст. Ҳама онҳоеки оддитарин зеҳният ва шарофату иззат доштанд аз ватан хориҷ гаштаанд. Ин ҳама ҳаргиз ором намебошанд то ба ватани аҷдодиашон бар нагарданд. Ман туро даъват мекунам туҳам ҳаркасе набоши ҳолоҳам фурсат дори аз ғулом будани ин ойла берун ой.Ман туро ба ҳеҷ гурӯҳе даъват намекунам фақад ҳаминқадар мегӯям тоҷики озода ва мусалмон бош. Агар мехоҳи хидмате куни ба ин миллат ва ватан кун бо ҳар роҳе метавони. Хидмат ба ин авлод касеро ба қуллаҳои умеду шарафу иззат нарасонида аст. Намехоҳам ҳама ончи бар бузургони ин миллат кард номбар кунам. Худат шоҳиди бар хидматгоронаш чи кард? Ҳамаро яксара нобуд сохт ва танҳо онҳоеки дар хидмати онҳо қарор доранд ва мисли ғулом зиндагони кардан мехоҳанд ба онҳо иҷозати зиндагони додааст. Коре бикун то номат дар саҳифаҳои таърихи ин миллат бо хатҳои тиллогин сабт гардад. То ояндагон бо номи шумо фахр кунанд ва Аллоҳ аз шумо рози бошад.
Хитоб ба ҳама кормандони ҳукумат !
Шумо тоҷикед ва фарзандони ин миллат ҳастед бар миллати худ зулмро бо фармони ин золим раво набинед. Ин вазифа,молу сарвату қасру мошинҳоятон заволу поён ёфтанист. Каме мардона бо худ нишинед ва андеша кунед ! Шумо дар хидмати ки ҳастед? Оё аз корҳоеки мекунед бо фармонҳои ин золим медонед чи ояндае шуморо интизор аст ,ҳам дар дунё ва ҳам дар охират? Агар дигар роҳе надоред барои хориҷ шудан аз ғулом будани ин авлод.Ақалан норози бошед ва ҳангомеки оддитарин қиёми мардумро мебинед ва ё марди ҷсуре аз дохил бар зидди ин золим қиём кард дар ҳол бо ӯ бипайвандед. Зеро савганд ба он Аллоҳе,ки ҷони ман ва шумо ба дсти Ӯст ҳам хори ин дунё ва охират мегардед. Миллат ҳатман бар зидди ин диктатор пирӯз мегардад.Миллатҳо намемиранду аз байн намераванд. Танҳо ин диктаторон мераванд ва шумо мемонеду ҳамин миллат. Нашавадки фардо гиря карда бигӯед маҷбур будем зеро он рӯз шахсони содиқро аз хойн миллат ташхис мекунад. Поянда бод миллати тоҷик бо муборизони ҷон баркафаш.Нест бод золим ва мустабиду хуношоми Раҳмонов!



Комментарии
Отправить комментарий