Мурочиат ба радиои "Озоди"
Мурочиат ба радиои "Озоди"
Муҳтарам масъулини радиои "Озодӣ" худро аз ин бештар заҳмат надиҳед, чун айб ҳам ҳад дорару шарм ҳам.
Дуруст, ки Конгресси ИМА солона наздик ба ду миллон доллар барои ин корҳоятон харч мекунад, вале Шумо ҳам инсоф карда, каме ба худ оед.
Шумо, ки хуб медонед, аъзои хонаводаи ҳамин зиндониҳои сиёсӣ дар берун ва дар озодӣ аз дасти кормандони ин мақомоти қудратӣ рӯзи хуше надоранд, ҳоло кӣ ба ин сафсатаи шумо, ки гӯиё зиндониҳои сиёсӣ дар маҳбасҳои Тоҷикистон шиканҷа нашудаанд ё намешаванд, бовар мекунад?
Фикр мекунам, шумо ҳамкасбони гиромӣ, ки ба ин мавзӯъҳои фармоишӣ даст мезанед, ба табибони гӯшу чашм ниёз доред. Магар фаромӯш кардаед, ки ҳамин се рӯз қабл зану фарзанди маҳбуси сиёсӣ ва узви ҲНИТ ҷаноби Муҳаммадалӣ Ҳаитро ҳамин мақомоти КДАМ ва Прокуратураи генералӣ рабуда буданд? Онҳо инкор ҳам карда буданд дар рабоиши онҳо мақомот даст надорад, вале ин инкорашон бо берун шудани рабудашудаҳо аз бинои ПГ инкор гардид. Ҳоло кӣ бо боварӣ гуфта метавонад, ки дар ин ду рӯз шиканҷа нашудаанд, бахусус вақте соати 23-и шаб аз бинои Прокуратураи генералӣ рухсат мешаванд, беозор ва шоду хандон ба хонаашон рафтанд?
Шумо, ки ҳама аз аҳли фазлу фаҳм ҳастед, чаро ҳам худ ва ҳам мухотабони худатонро бо чопи ҳамингуна маводҳои машкук фиреб медиҳед?



Комментарии
Отправить комментарий